|
Ҷилди II: ПАЁМ ФИРИСТОДАНИ РУСТАМ БА
НАЗДИ ШОҲИ ҲОМОВАРОН
Чунин дод посух, ки м-андеш аз ин,
На густарда аз баҳри ман шуд замин?
Чунин буд, то буд гардонсипеҳр,
Ки бо нӯш заҳр асту бо кина меҳр.
Ва дигар, ки доранда ёри ман аст,
Паноҳ асту меҳраш ҳисори ман аст.
Ту мар Рахши пӯяндаро деҳ инон,
Биёрой гӯшаш ба нӯки синон.
В-аз эшон яке зинда андар ҷаҳон
Мамон ошкоро, на андар ниҳон.
Таҳамтан чу бишнид гуфтори ӯй,
Басечиду зӣ ҷанг бинҳод рӯй.
Барангехт он Рахши пӯяндаро,
Ҳамеҷуст он ҷангҷӯяндаро.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |