|
Ҷилди II: КУШТАНИ РУСТАМ ЖАНДАРАЗМРО
Чу хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид,
Шаби тира бар рӯз доман кашид,
Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ,
Миён бастаи разму дил кинахоҳ,
Ки дастур бошад маро тоҷвар,
К-аз эдар шавам бекулоҳу камар.
Бубинам, ки ин навҷаҳондор кист?
Бузургон кадоманду солор кист?
Бад-ӯ гуфт Ковус, к-«Ин кори туст,
Ки равшанравон бодиву тандуруст,
Ҳамеша нигаҳдор Яздон-т бод,
Ба коми дилу рою паймон-т бод!»
Таҳамтан яке ҷомаи турквор
Бипӯшиду омад ниҳон то ҳисор.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |