|
Ҷилди II: ПАЁМ ДОДАНИ РУСТАМ КОВУСРО
Ба моле, ки вай бистад аз бегуноҳ,
Бад-ин сон бупечид сартон зи роҳ.
Ба сад турки бечораи баднажод,
Ки номи падаршон надоранд ёд,
Ҳамон аз гаравгон кам андешад ӯй,
Ҳамон пеши чашмаш ҳам он оби ҷӯй.
Шумо гар хирадро набастед кор,
На ман серам аз печиши корзор.
Ба назди Сиёвуш фиристам кунун
Яке марди бодонишу пурфусун.
Бифармоямаш, к-оташе кун баланд,
Ба банди гарон пои туркон бубанд.
Бар оташ бинеҳ хоста, ҳар чи ҳаст, 1 2 3 4 5 6 >>> |