|
Ҷилди III: ГИРИФТОР ШУДАНИ ПИРОН ДАР ДАСТИ ГЕВ
Чу бишнид Пирон, баровард хашм,
Дилаш гашт пурҷӯшу, пуроб чашм.
Барангехт аспу бияфшурд рон,
Ба гардан баровард гурзи гарон.
Чу кишт? зи дашт андаромад ба руд,
Ҳаме дод некидиҳишро дуруд.
Накард эч Гев озмунро шитоб,
Бад-он то сипаҳбад баромад зи об.
Зи ҷангаш ба паст? бупечид Гев,
Гурезон ҳаме рафт солори нев.
Ҳамовард бо Гев наздик шуд,
?аҳон чун шаби тира торик шуд.
Чу аз об в-аз лашкараш дур кард,
Ба зин андарафканд гурзи набард.
1 2 3 4 5 >>> |