|
Ҷилди VI: ШАБЕХУН КАРДАНИ ЭРОНИЁН
Ҳама пеши ман дастгир оваред,
Набояд, ки хаста ба тир оваред».
Чунин гуфт лашкар ба бонги баланд,
Ки «Акнун ба бечорагӣ даст банд.
Диҳед ар, ба гурзу ба жӯпин диҳед,
Саронро зи хун тоҷ бар сар ниҳед» .
Чунин гуфт бо Геву Руҳҳом Тус,
Ки «Шуд ҷони мо бегумон бар фусӯс.
Магар кирдгори сипеҳри баланд,
Раҳонад тану ҷони мо з-ин газанд.
Ва гар на ба парри уқоб-андарем
Ва ё на ба дарёи об-андарем».
Яке ҳамла карданд, ҳар се ба ҳам,
Чу бархезад аз ҷой шери дижам.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 >>> |