|
Ҷилди VI: РАЗМ КАРДАНИ ГЕВ ВА ТУС БО КОМУС
Хурӯшидани дидабон паҳлавон
Чу бишнид, шуд шоду равшанравон.
Зи наздики Гударзи Кашвод тафт
Саворе ба назди Фарибурз рафт,
Ки туронсипаҳ сӯи ҷанг омаданд,
Рада баркашиданду танг омаданд.
Набояд, ки анбӯҳ бар мо зананд,
Пароканда моро зи бун баркананд.
Чунон кун, ки аз гавҳари ту сазост,
Ки ту меҳтариву падар подшост,
Ки гарди Таҳамтан баромад зи роҳ,
Ҳам акнун биёяд бад-ин размгоҳ.
Фарибурз бо лашкари гурди нев
Биёмад, бипайваст бо Тусу Гев.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |