|
Ҷилди VI: ПУРСИДАНИ ПИРОН АЗ ОМАДАНИ
РУСТАМ
Биёмад пурандешаву рӯйзард,
Бипурсид аз он номдорони мард.
Ба Пирон чунин гуфт Ҳумони гурд,
Ки «Душман надорад хирадманд хурд.
Бузургони Эрон кушодадиланд,
Ту гӯӣ, ки оҳан ҳаме бугсиланд.
Кунун то биёмад аз Эрон сипоҳ,
Ҳаме бархурӯшанд аз он размгоҳ».
Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Ҳарчанд ёр
Биёяд бари Тус аз Эрон савор.
Чу Рустам набошад, аз ӯ бок нест,
Зи Руҳҳому Гургин дилам чок нест.
Чунон дон, ки ҷангӣ ҷуз аз Тус нест,
Фарибурзу Гургин чу Комус нест.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |