|
Ҷилди VI: РОЙ ЗАДАНИ ПИРОН БА ҲУМОН ВА ХОҚОН
Ки ин бораи оҳанин Рустам аст,
Ки хоми камандаш хам андар хам аст.
Чӣ Афросиёб ояд акнун, чӣ об,
Касе пушти ӯро набинад ба хоб.
Аз ӯ дев сер ояд андар набард,
Чи як мард пешаш, чи як дашт мард.
Ба Зобулситон чанд пурмоя буд,
Сиёвахшро он замон доя буд.
Падарвор бо дард ҷанг оварад,
Ҷаҳон бар ҷаҳонҷӯй танг оварад.
Маро хост з-ин бекарон анҷуман,
Надонам чӣ хоҳад зи мо пилтан.
Равам бингарам, то чӣ хоҳад ҳаме,
Ки аз ғам равонам бикоҳад ҳаме».
1 2 3 4 5 >>> |