|
Ҷилди VI: ОМАДАНИ ПИРОН НАЗДИ РУСТАМ
Ҳаме рафт Пирон пур аз дарду бим,
Дил аз кори Рустам шуда бар ду ним.
Биёмад ба наздики Эронсипоҳ,
Хурӯшид, к-«Эй меҳтари размгоҳ!
Шунидам, к-аз ин лашкари бешумор
Зи туркон маро кардаӣ хостор.
Хиромидан аз пеши он анҷуман
Бад-ин анҷуман, то чӣ хоҳӣ зи ман».
Чу огоҳ шуд Рустами сарфароз,
Ки омад зи туркон яке размсоз.
Ба наздики ӯ шуд зи пеши сипоҳ,
Ниҳода ба сар-бар зи оҳан кулоҳ.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турк, номи ту чист?
Бад-ин омадан рою коми ту чист?» 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |