|
Ҷилди VI: ОМАДАНИ ПИРОН НАЗДИ РУСТАМ
Ҳам аз Хусрави номдори ҷаҳон,
Сарафроз шоҳу паноҳи меҳон,
Ҳам аз модараш - духти Афросиёб,
Ки меҳри ту бинад ҳама шаб ба хоб».
Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Эй пилтан,
Дурудат зи Яздону он анҷуман.
Зи некидиҳиш офарини ту бод,
Фалакро гузар бар нигини ту бод!
Зи яздон сипосу бад-ӯям паноҳ,
Ки дидам туро зинда бар ҷойгоҳ.
Завора, Фаромарзу Дастони Сом,
Ки ҳастанд бинодилу шодком,
К-аз эшон мабодо ҷаҳон бениёз,
Дурустанду шодондилу сарфароз?
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |