|
Ҷилди VI: РОЙ ЗАДАНИ ТУРОНИЁН АЗ ҶАНГИ
ЭРОНИЁН
Чунин гуфт Шангул, ки «Эй сарфароз,
Чӣ бояд кашидан суханҳо дароз?
Ба ёрии Афросиёб омадем,
Зи дашту зи дарёи Об омадем.
Басе ёраву ҳадяҳо ёфтем,
Зи ҳар кишваре тез биштофтем.
Чу шер омадему чу рӯбаҳ шавем,
Зи пайкор агар дасткӯтаҳ шавем.
Бирафтем чун шери ҷангӣ дамон,
Ба раҳ-бар наҷустем рӯзе замон.
Ба як марди сагзӣ, ки омад ба ҷанг,
Чаро шуд чунин бар шумо кор танг?
Зи як мард нанг аст гуфтан сухун,
Дигаргуна бояд-т афканд бун.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |