|
Ҷилди VI: СИПОҲ ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ
БА НАЗДИКИ ПИРОН
Бар эшон бигуфт он суханҳо, ки рафт,
Ки бар кин бибояд бисечид тафт.
Яке лашкар орост Афросиёб,
Ки торик шуд чашмаи офтоб.
Даҳум рӯз лашкар ба Пирон расид,
Сипоҳе к-аз ӯ шуд замин нопадид.
Чу лашкар биёрост, рӯзӣ бидод,
Сипаҳ баргирифту буна барниҳод.
Зи паймон накард эч ёду на аҳд,
Биёмад дамон то лаби рӯди Шаҳд.
Талоя биёмад ба наздики Тус,
Ки барбанд бар кӯҳаи пил кӯс,
Ки Пирон наронад сухан ҷуз фиреб,
Чу донад, ки танг андаромад нишеб, 1 2 3 4 >>> |