|
Ҷилди VI: ДИДАНИ КАЙХУСРАВ БЕЖАНРО ДАР
ҶОМИ ГЕТИНАМОЙ
Чу Наврӯзи хуррам фароз омадаш,
Бад-он ҷоми фаррух ниёз омадаш.
Биёмад пуруммеди дил паҳлавон,
Зи баҳри писар кӯж гашта навон.
Чу Хусрав рухи Гев пажмурда дид,
Дилашро ба дард - андар озурда дид,
Биёмад, бипӯшид румиқабой,
Бад-он то бувад пеши Яздон ба пой.
Хурӯшид пеши ҷаҳонофарин,
Ба рахшанда - бар чанд кард офарин.
Зи фарёдрас зӯру фарёд хост,
В-аз Аҳримани бадкуниш дод хост.
Хиромон аз он ҷо биёмад ба гоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. 1 2 3 4 >>> |