|
Ҷилди VI: БУРДАНИ ГЕВ НОМАИ КАЙХУСРАВ БА
НАЗДИ РУСТАМ
Чу бар нома бинҳод Хусрав нигин,
Ситад Геву бар шоҳ кард офарин.
В-аз он ҷо биёмад, сӯи хона рафт,
Раҳи Систонро бисечид тафт.
Саворони дуда ҳама барнишонд,
Ба Яздон паноҳиду номаш бихонд.
Биёбон гирифту раҳи Ҳирманд,
Ҳаме рафт пӯён ба сони наванд.
Чу нахчир аз он ҷо, ки бар доштӣ,
Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ.
Ба кӯҳу ба саҳро ниҳоданд рӯй,
Ҳаме шуд халидадилу роҳҷӯй.
Чу аз дидагаҳ дидабонаш бидид,
Сӯи Зобулистон фиғон баркашид,
1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |