|
Ҷилди VI: БУРДАНИ ГЕВ НОМАИ КАЙХУСРАВ БА
НАЗДИ РУСТАМ
Дамодам биёяд, ки баррафт ҳур».
«Шавам, - гуфт, - то ман бубинам-ш рӯй,
Зи Хусрав яке нома дорам бад-ӯй».
Чунин гуфт Дастон, к-«Аз эдар марав,
Ки зуд ояд аз дашти нахчир гав.
Ту то Рустам ояд, ба хона бипой,
Як имрӯз бо мо ба шодӣ гирой».
Бирафтанд ҳарду ба айвони Зол,
Гирифтанд ҳарду суханро сигол.
Чу Гев андаромад ба айвон зи роҳ,
Таҳамтан биёмад зи нахчиргоҳ.
Пазира шудаш Гев, к-омад фароз,
Пиёда шуд аз аспу бурдаш намоз.
Пур аз орзу дил, пур аз об рӯй, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |