|
Ҷилди V: Фиристодани Кайхусрав бандиён ва
Ганҷ назди Ковус бо нома
Чу Гарсевази бадкунишро бидид,
Бар ӯ кард нафрин, ки нафрин сазид.
Ҳам он Ҷаҳнро пой карда ба банд,
Бибурданд наздики тахти баланд.
Асирону он кас, ки буд аз наво,
Биёрост мар ҳар якеро сазо.*
Якеро нигаҳбон, якеро ба банд,
Яке пурумеду яке бо газанд.
Бар он духтарони рад Афросиёб
Нигаҳ кард Ковус мижгон пуроб.
Паси пардаи шоҳашон ҷой кард,
Ба баршон парастанда бар пой кард.
В-аз он пас ҳама хостҳо ҳар чӣ буд,
Зи динору аз гавҳари нобисуд,
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 >>> |