Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дона чун андар замин пинхон шавад,
Сирри у сарсабзии бустон шавад.
Мавлоно
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Мавлоно
ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ


Зиндагинома;

Бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

…Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомиа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарвариду мегустарид.

Мардуми сарзаминро манофеи ҳамагонии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешонашон нигаҳ медоштанд.

Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки тӯдакаши мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату вуслати ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру авонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.

Ана дар ҳамин шароити каҷдорумарези мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро дар маҳзари муроқабат андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъда дар эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири вофире бигзошт, ки ҷавҳари онро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва мутасаввифи сулҳошно намоёнда метавонад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоир фаровону фурӯзонанд:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!

На танҳо дар даврони рӯзгору пайкор, балки баъди сари Мавлоно, аз асри XIII то имрӯз, назарияи «Сулҳи кулл»-и бесобиқа борҳо дар амалия ба кор омада, муттасил, дар мавориду лаҳазоти ҳассоси пархошу парешонкориҳо, дар мамолики гуногунмиллату мухталифмазҳабе, чун Туркияву Юнон, Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон, мамолики арабу Русия, Тоҷикистону Озарбойҷон… оммаву тӯдаҳоро ба ваҳдату вуслат овардааст.

Баъди дарёфти дараҷаи кофии камолоти инсониву ирфонӣ, варосати ҳақиқии мероси маънавии падару устодон ва дарки зарурати ҳамонлаҳзаи таърихӣ Мавлоно шогирдону муридони сершумори худро ҷамъ оварда, мактаби маъруфи тасаввуфии худро таъсис медиҳад, ки «Мавлавия» номида шуда, минтақаи фарохи ҷуғрофӣ – Руму Эрону Афғонистон, Арабистону Осиёи Марказӣ, Шому Мисру Қафқоз ва Ҳинду Синду Чину Мочинро фаро гирифта, то ҳол идомаву ирода дорад.

«Мавлавия» тариқати тасаввуфии бародариву ҷавонмардиест, ки тақрибан соли 1240 аз ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Қуния поягузорӣ шуда, заминаи мафкуравии онро ғояи «хатти савум»-и ӯву пирону ҳаммаслаконаш ташкил медиҳад. Ва мавлавиён эътиқоду итминони комил бар он доштанд, ки поягузору пуштибони муқаддаси соликони ҷодаи футуввату ухувват шахсе мебошад, ки дар вуҷудаш нури маърифати маънавии Паямбар таҷаллӣ ёфтааст.

Аҳли мавлавия дар ҷараёни самоъи сӯфиёна ва зикри орифона ба ширкати мусиқиву суруду рақс аҳамияти фавқулодда медоданд, ки чунин иқтизо дар дигар ухувват ба мушоҳада намерасид ва аз талаботу муқаррароти урфиву одатии шариати анъанавӣ ба куллӣ фарқ мекард.

Аъзои фирқа чунин меҳисобиданд, ки зарраи Рӯҳи мутлақ, ки барои идроку ишроқ дар дили инсон ҷойгузин шудааст, беҳтар аз ҳама дар давоми рақсу танини мусиқӣ поку муҷалло мегардад, яъне барои якшавӣ бо нахустасоси худ мекӯшад; ҳамчунин мусиқӣ бештар аз ҳама барои ифшои ишқу алоқа ба Худо мадад мерасонад:

Оташи ишқ аз навоҳо гашт тез,
Ончунон ки оташи он ҷавзи рез!

«Мавлавия» дар баъзе мавориду матолиби назарӣ–фалсафӣ бо мактабу фирқа ва ҷараёну тариқаҳои дигари пешину ҳозири тасаввуфӣ қаробату умумияте дошта бошад ҳам, дар масоили ҷаҳонбиниву ҳастишиносӣ, шариату тариқат, маърифату ҳақиқат, одобу ахлоқ, ғояву моя бинишу фаҳмиши хосу беқиёсе дорад.

Яке аз аркони таълимоту муқаррароти мавлавиён эътирофи баробарии тамоми дину мазҳабҳо ва эҳтироми кулли расму одатҳо мебошад, ки на танҳо дар сухан, балки дар амал – дар муносибату муошират бо мардуми ғайримусалмони ҳамзамони Рум дар муддати тӯлоние ба кораш андохтаанду судҳо бардоштаанд.

Бидуни шакку тардиде, ҳамин офариниши таълимоти орифонаи дӯстиву бародариву ҳамдилӣ, тарғибу ташвиқи самимонаи «Сулҳи кулл», ороишу ситоиши содиқонаи «Инсони Комил», парастишу густариши рақсу суруду мусиқӣ, эътирофу эҳтироми мусовоти дину ойини мухталифнукот, шинохту бузургдошти озодии тоҷулмахлуқот, ҷустору истиқрори ҳақиқати ҳаёту зарурати мамот, ифшои рози номакшуфи ҳастиву Ҳастиофарин ӯро – солики тариқати футуввату маърифату ҷустуҷӯро – ҷовидонӣ маҳбуби тамоми халқу маконҳо ва мақбули ҳамаи давру замонҳо гардонидааст.

Беҳуда нест, ки аз асри XIII то имрӯз Мавлавихониву Маснавихонӣ расму суннати дилписанду побарҷойи адабӣ – фарҳангии мардуми турку тоҷик гардида, дар саросари Туркия, махсусан дар Қуния, ки оромгоҳи орифи беназиру муршиди бебадал аст, ҳамасола, аз 10-ум то 17-уми моҳи декабр, — ҳафтаи пеш аз фавти Мавлоно, — Ҷашнвораи «Мавлоно» баргузор мешавад, ки анъанаи рақсидану суруданҳои даврони Мавлавиро зиндаву поянда нигаҳ медорад.

«Мавлавиёт» системаи оҳангу навои маросимӣ: таронаҳои ахлоқӣ – тасаввуфӣ ва маърифатӣ – ирфонӣ буда, дар ин сабку равия даставвал худи Мавлоно ва, баъдан, шуарои мутасаввиф оҳанг эҷод мекардаанд, ки мамлуи аносири рақсӣ будаанд.

Дар асрҳои баъдина низ дар ин мизону қолаб аҳли ҳунар осори сершуморе таснифу таълиф намудаанд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) дар он шумул буда, суруди «Мавлавия»-и хосе нигошта будааст, ки дар ҳаёти мусиқӣ чун «Нақши Мавлавӣ» машҳуру маъруф гардида, хислату фазилатҳои неку ҳасанаи инсониро тарғибу тавсиф мекардааст (Аскаралӣ Раҷабов).

Дар аксари ҷамъомаду ҷаласа, дарбору хиргоҳ, масҷиду мадраса ва мазору хонақоҳи Осиёи Миёна, аз ҷумла хонақоҳи Хоҷа-Аҳрори Валӣ (рӯҳонӣ ва заминдори маъруфи асри ХV), мусиқидону сарояндагони касбиву ҳаваскори бисёре бар ашъори нотакрори Ҳофизу Камолу Саъдӣ, Мавлонову Ҷомиву Қосими Анвор ва дигар устодони шеъри ғановатманди форсии тоҷикӣ оҳангу навойи дилхарошу борик офарида, дар хидмати ҳамагон мегузориданд, ки «Нақши Румӣ»-ву «Нақш»-у «Румӣ»-ву «Мавлавия»-ву «Мавлавийёт»-у «Шамъ»-у «Лаълӣ»-ву «Пешрав»-у ғайраҳо номида шуда, бахше муттасил ба системаи «Шашмақом»-у «Фалак»-и тоҷикӣ ворид омадаанд.

«Нақши Румӣ» дар асл оҳанг (суруд)-и махсусе будааст, ки Мавлоно барои аҳли тасаввуф (ҳаммаҷлису ҳаммаҳфилонаш) офарида, дар миёни дарвешону мардумон таҳти унвони «Нақши Мулло» ҳам маъруфияту маҳбубияти тамоме пайдо кардааст.

Суруди мазкур дар ҷамъомадҳои сӯфиёну дарвешон мавриди иҷроишу сароиши доимӣ қарор гирифта, маъмулан фарогири маъниву мазмунҳои ахлоқӣ – фалсафӣ будааст ва дар Фарорӯду Хуросон то асрҳои XVI – XVII иштиҳору интишори васее доштааст.

Муттасилан дарвешу қаландарони ҳарҷогарде, ки атрофу акнофи мусалмонтабори Осиёву Аврупову Африқоро тай зада, таронаҳои «Нақши Мавлавӣ»-ю назираҳои онро ба самъи ҳаводорон мерасониданд, дар миёни мардуми форсизабон ба номи «Ҳофиз»-у дар байни туркизабонон ба исми «Ошиқ»-у «Оқин»-у «Бахшӣ» машҳуру маъруф гардидаанд.

Рақсе, ки таҳти навову ғанои мазкур эҷоду эродаш мекарданд, «Дарвешони печон» ном дошта, то ҳоло дар байни пайравони Мавлоно, махсусан, дар Қунияву Туркия, дар мавориду маросими муҳимму суннатӣ, монанди Ҷашнвораи «Мавлоно», мақому маҳбубияти хоса дорад ва иҷрояш аз ҷониби ҳунарварони дарвешсимову қаландарнамо, ки чакману кулоҳи пашминаи замони Мавлоноро дар бар доранд, то се соат идома меёбад, ки банда (моҳи майи соли 2005, дар Теҳрон) шоҳиди иҷрои гунаи ҳозираи он будааст.

Имрӯз ҳам дар боргоҳи «Қуббаи Хазро» («Гунбади Кабуд» ё «Кабудгунбад»), ки оромгоҳи абадии Мавлоно мебошад, ихлосмандони сершумору дунболагирони устувори пири равшанзамир ҳамвора маросиму маъракаҳои «Қуръон»-хониву «Маснавӣ»-ронӣ меороянд, ки далели дигари зиндаёдиву равоншодии қутби кайҳони тасаввуфу тафаккури исломии мостанд.

Оре, муддате, аниқтараш, нимаи аввали рӯзгори Мавлоно – пири тариқати Мавлавия ва орифи бузурги Қуния ба ҳамин минвол – дар роҳи тадрису таълими шогирдон, маҳфилу маҷлиси ҳаммаслакон, рақсу самоъи сӯфиёну дарвешон ва тарғибу ташвиқи таълимоти мусалсалу муфассали навсохту навбофти мутасаввифа сипарӣ мегардад.

Мавлоно дар ҳамин давра, ба хотири интишору истиқрори бештару густурдатари таълимоту тазкироти хештан, осори мансури фалсафӣ – ахлоқии «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоъизи маҷолиси сабъа» ва «Мактубот» -ашро меофарад, ки ҳамагӣ музаккиру муфассири пиндору ангорҳои оламу одамшиносии ҳамонвақтаи марди хамӯши гӯё буда, ҳавсалаву ҳадафмандона аз ҷониби шогирдону пайравон ва фарзанди заковатмандаш Султон Валад гирдовариву қаламӣ гардидаанд ва дар давоми садсолаҳо дар рушду таҳаввули насри фаннии фалсафӣ – ахлоқӣ ва таҳкиму татаввури ахлоқи ҳамидаи инсонии мардуми Ховарзамин ва берун аз он ҳиссаи сазовор гузоштаанду мегузоранд.

Ба ҳамин минвол мегузаштанд айёми камолу ҷамол ва ҳамвориву ҳушёрии Мавлоно, вале…

… рӯзе аз рӯзҳои зимистони Миёназамин, дар авоне, ки Ҷалолиддин Муҳаммад 36-умин солгарди умрашро ба сар мебурд, оромишу осоиши урфиву муқаррарияшро ҳодисае аз миён бурда, дар рӯзгори пасинаи ӯ даврони «инқилобу ошуфтагӣ» (Бадеъуззамони Фурӯзонфар)-и рӯҳиеро мустақар мегардонад.

Аёнтараш, моҳи ноябри соли 1243 дар Қуния, ғайричашмдошт, дар маҳфиле бо Шамси Табрезӣ ном дарвеши оворагарди шастсолае дучор омада, чунон моту мабҳути ҳашамати рӯҳониву азамати ирфонияш мегардад, ки муддати кӯтоҳи ҳамнишинӣ бо ӯ фақеҳи ботамкину орифи ботаскинеро ба ошиқи шайдову дарвеши ҳувайдое мубаддал гардонид ва дар тамоми рӯзгору осори баъдинаи Мавлоно нақши муассиру носутурдание гузоштааст:

Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯйи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дин, ёд дор!

Мувофиқи маълумоти сарчашмаву навиштаҳои дастрас, Мавлоно то зуҳури Шамси раҳнамо, ки «жӯлидапире аз пирони сӯфия буда, нафаси гармеву ҷозибаи бузургеву баёни муассире дошта» (Ризозода Шафақ) – аст, ба шеъру шоирӣ камтар иштиғол варзида, ғолибан дар тадрисгоҳи мадрасаву хиргоҳи сӯфиён саргарми таълиму тазаккури ғояҳои мавлавияву сӯфия будааст.

Давомаш

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj