Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт
Ахбор
Таърихи мухтасари кумита
Фаъолияти кумита
Кормандони кумита
Фарҳангнигорӣ
Мақолаҳо
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Қоидаҳои созиш..

Истилоҳофаринӣ гуфта дар забонҳои муосири муқтадири илмӣ (инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва чанди дигар) раванди номгузорӣ кардани мафҳумҳои нави илмиро ҳамвора бо рушди соҳаҳои гуногуни илм фаҳмида мешавад. Пайдост, ки дар дигар забонҳои миллии мавҷуд дар ҷаҳон (зиёда аз 2000 забон) истилоҳоти забони миллӣ бар пояи ин забонҳои аз ҷиҳати истилоҳофаринӣ пешрафта ба вуҷуд оварда мешавад. Як роҳи асосии ба вуҷуд овардани истилоҳоти миллӣ тарҷума кардани муодилҳои истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ мебошад. Зимнан, дар ин маврид бояд қоидаҳои умумии истилоҳофаринӣ дар ҳар забони миллӣ риоя карда шавад. Як хусусияти муҳимми истилоҳоти муосири илмӣ дар забони тоҷикӣ (хосатан истилоҳоти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, мисли физика, риёзӣ, кимиё, ҷуғрофия ва монанди ин) он аст, ки аксарияти онҳо дар фароянди тарҷумаи адабиёти русӣ (ва ҳоло, ҳамчунин, аз адабиёти забонҳои дигар низ) сохта ва ё пазируфта мешаванд. Аз ин рӯ ҳангоми сохтани истилоҳи илмӣ дар забони тоҷикӣ масъалае ҳамеша дар миён аст, ки талаботи ҳам аз ҷиҳати илмиву ҳам аз ҷиҳати забонӣ саҳеҳ омадани истилоҳоти илмӣ риоя карда шавад, зеро истилоҳи мақбул танҳо дар натиҷаи муборизаи ин ду зарурат тавлид шуда метавонад. Маълум аст, ки истилоҳи илмӣ номи мафҳуми илмӣ мебошад. Бинобар ин, яке аз шартҳои зарурие, ки дурустии истилоҳсозиро аз ҷиҳати илмӣ таъмин мекунад, фаҳмидану донистани мазмуни мафҳуми илмӣ мебошад, зеро, тибқи қонуниятҳои умумии истилоҳофаринӣ, дар баъзе мавридҳо номи мафҳум (яъне истилоҳ) дар заминаи яке аз барҷастатарин аломатҳои мазмуни мафҳуми илмӣ сохта мешавад. Ба иборати дигар, дар сурате истилоҳи илман саҳеҳ сохтан мумкин аст, ки ба кори истилоҳсозӣ донандаи асосҳои ин ё он соҳаи илм машғул бошад. Гузашта аз ин, шахси истилоҳсоз, ҳамчунин, бояд аз қонуниятҳои асосии забони адабӣ, хусусан аз қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони миллӣ бархурдор бошад. ҳамин тариқ, дар забони муосири тоҷикӣ истилоҳофаринӣ гуфта фароянди ҷӯишу созиш ва пазириши муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмиро тариқи тарҷума ва истифода аз истилоҳоти забонҳои муосири илмӣ бо донистани асосҳои ин ё он илми муосир ва қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони тоҷикӣ фаҳмидан мебояд. Ба гуфти дигар, истилоҳофаринӣ дар забони тоҷикӣ фарояндҳои истилоҳсозӣ, истилоҳгузинӣ ва истилоҳпазириро дар бар мегирад. Истилоҳсозӣ гуфта фароянди сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмиро дар заминаи қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони адабии миллӣ фаҳмидан мебояд. Истилоҳгузинӣ гуфта фароянди интихоби муодилҳои мақбули тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмиро дар заминаи захираи луғавии забони адабии миллӣ фаҳмидан мебояд. Истилоҳпазирӣ гуфта фароянди пазириши истилоҳоти забонҳои муқтадири илмиро (дар мавриди дар захираи луғавии забони миллӣ мавҷуд набудани муодилашон) фаҳмидан мебояд. Дар фароянди истилоҳгузинӣ бар дӯши калимаи интихобие аз захираи луғавии забони адабӣ мазмуни нави илмие бор карда мешавад. Дар ин маврид, калимаи истилоҳгардида аз тамоми маъниҳои луғавии худ маҳрум шуда, дар системаи истилоҳоти як соҳаи илм мазмуни танҳо як мафҳуми илмиро ифода мекунад. Истилоҳеро, ки дар ин маврид тавлид меёбад, калимаистилоҳ гуфтан мумкин аст. (Дар забони илм ба воситаи калимаистилоҳот асосан номи бузургиҳо ва хосиятҳои илмӣ ифода карда мешавад). Чунончи, дар системаи истилоҳоти илми физика истилоҳҳое чун суръат, фишор, кор, қувва, шиддат, маҳкамӣ, устуворӣ, сахтӣ ва монанди ин маҳз бо ҳамин роҳ эҷод шудаанд. Маънии луғавии масалан, калимаи «суръат» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тезӣ, тундӣ дар сайру гашт, тезии ҳаракат ва фаъолият мебошад. Дар системаи истилоҳоти физика ин калима ҳамчун истилоҳ мафҳуми зеринро дорост: «бузургии физикие, ки нисбати масофаи дар воҳиди ваҳт паймудаи ҷисмро бар фосилаи ҳамин вақт ифода мекунад». «Суръат» тариқи тарҷума ба сифати муодили тоҷикии калимаистилоҳи русии «скорость» пазируфта шудааст. Пас саволе ба миён меояд: шартҳои асосии интихоби калимае аз захираи луғавии забон ба сифати муодили истилоҳи бегона кадомҳоянд? калимаи тоҷикӣ низ бояд яке аз маъниҳои луғавии калимаистилоҳи русиро дошта бошад; калимаи тоҷикӣ низ бояд яке аз аломатҳои барҷастаи мафҳуми калимаистилоҳи русиро таҷассум карда тавонад; азбаски калимаистилоҳоти русӣ асосан исм ва сифат мебошанд, пас муодилҳои тоҷикии онҳо низ бояд аз ҳамин ҳиссаҳои номии нутқ бошанд. Фароянди истилоҳсозӣ дар адабиёти илмӣ-техникӣ роҳҳои гуногун дорад. Яке аз роҳҳои истилоҳсозӣ эҷоди ҳосилаистилоҳот бар пояи истилоҳи мавҷуда дар системаи истилоҳоти як соҳаи илм мебошад. Дар ин маврид, ба истилоҳи ошно калимае ва ё унсури калимасозе ҳамроҳ карда мешавад, ки дар натиҷа истилоҳҳои наве бо мазмунҳои нав тавлид меёбанд. Ин истилоҳот маънии амалу ҳаракатро дошта, тариқи исмҳои феълӣ ифода карда мешаванд. Чунончи, дар системаи истилоҳоти физика бар пояи истилоҳи гармо (теплота) ингуна ҳосилаистилоҳот сохта шудаанд: гармоиш, гармоғунҷоиш, гармоноқилият, гармопазирӣ, гарморасонӣ, гармозойӣ [35] ва ғайра. Шарти асосӣ дар ин роҳи истилоҳсозӣ интихоби дурусти калима ва унсурҳои калимасоз мебошад, то истилоҳи ҳосила кӯтоҳу ғунҷо ва осонфаҳм тавлид ёбад. ғайр аз ин, истилоҳи ҳосила бояд яке аз аломатҳои барҷастаи мафҳуми илмиро инъикос карда тавонад. Тарзи дар шакли ибора сохтани муодилҳои истилоҳоти бегона низ дар адабиёти илмӣ-техникӣ маъмул аст. Ибораистилоҳ ду ва ё чанд калима ва ё калимаву истилоҳест, ки як мафҳуми мураккаби илмиро ифода мекунад. Масалан, дар системаи истилоҳоти физика истилоҳҳое чун қувваи ҷараён, ҳаракати мунтазам, қонуни бақои энергия, шитоби афтиши озодона, қувваи оптикии линза ва ғайра мисоли ибораистилоҳот мебошанд. Ба таркиби ибораистилоҳоти системаи истилоҳоти як соҳаи илм калимаҳои забони адабӣ, истилоҳоти ҳамин соҳаи илм ва ҳамчунин истилоҳоти илмҳои ҳамҷавор мансуб буда метавонанд.Яке аз вежагиҳои тариқи тарҷума дар шакли ибора сохтани истилоҳоти илмӣ дар забони тоҷикӣ саҳеҳтару маънирастар тавлид ёфтани истилоҳ мебошад. Бинобар ин, бовуҷуде, ки кӯтоҳиву ғунҷоӣ яке аз талаботи асосии дурустии системаи истилоҳот аст, дар забони тоҷикӣ бештар дар шакли ибора сохта шудани истилоҳи илмиро набояд камии он донист. Шарти зарурӣ дар ин маврид ин аст, ки калимаҳои таркиби ибора серрешаву душворфаҳм интихоб нагарданд, то ба маънирасии истилоҳ халале ворид нашавад. Дуруст аст, ки тибқи қоидаҳои умумии истилоҳофаринӣ, дар баъзе мавридҳо ба хотири кӯтоҳтару осонгуфтор омадани баъзе ибораистилоҳот рӯ ба сохтани рехтаистилоҳот (чунончи, фотопадида ба ҷои падидаи фотоэлектрикӣ, комптонпадида ба ҷои пароканиши комптонӣ, гармо-катод ва ғ) ва ҳарфиистилоҳот ( МБВ – манзумаи байналмилалии воҳидҳо, қЭМ – қувваи электрикии муҳарика, ЯГҳИ – яккарди гармоҳастаии идорапазир, лазер, мазер, лавсан ва ғайра) оварда мешавад. Вале таҷрибаи сохтани истилоҳоти илмӣ собит месозад, ки дар забони тоҷикӣ, хусусан дар шакли ҳарфиистилоҳ, яъне бо истифода аз ҳарфҳои аввали ибораистилоҳот сохтани истилоҳи кӯтоҳ, он қадар натиҷаи матлуб намедиҳад, зеро дар хотир нигаҳ доштани ҳар яки ин гуна истилоҳот душвор аст. Истилоҳпазирӣ аз забонҳои муқтадири илмӣ яке аз роҳҳои асосии истилоҳофарӣ дар ҳар гуна забони миллӣ мебошад. Ин роҳи дар шакли тайёр ва баъзан бо каме тағйирот пазируфтани истилоҳоти бегона, хусусан истилоҳоти забонҳои классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва ҳамчунин истилоҳоти забони муосири илм (инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва ғайра) тариқи забони русӣ (дар мавриди забони тоҷикӣ) мебошад. Ин амал бештар ба хотири аз ҷиҳати илмӣ саҳеҳ омадани истилоҳот воқеӣ карда мешавад. Ба андешаи мо, дар мавриди дар забони тоҷикӣ пазируфтани истилоҳоти бегона бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд. Дидан мебояд, ки: истилоҳи пазируфташаванда ба савтиёти забони миллӣ чӣ андоза қаробат дорад; шакли истилоҳи бегона ба қонуниятҳои калимасозии забони тоҷикӣ мувофиқат мекунад ё на? аз истилоҳи бегона имкони сохтани ҳосилаистилоҳот вуҷуд дорад ё не? ҳамин тавр, шарти қоидаҳои истилоҳофариниро дар адабиёти илмӣ-техникӣ ҷамъбаст намуда, меъёрҳои ҳамгунсозии истилоҳотро дар як соҳаи илм ва ё дар соҳаи илмҳои ҳамҷавор ин тавр таъйин кардан мумкин аст: якмаъноӣ: дар системаи истилоҳоти як соҳаи илм истилоҳ бояд якмаънӣ бошад, яъне бояд мазмуни танҳо як мафҳуми илмиро инъикос кунад ва баръакс барои ифода кардани мафҳуми илмие танҳо як истилоҳ истифода шавад; системнокӣ: ҳар як истилоҳи илмӣ узви системаи истилоҳоти муайяни илм ва ё илмҳои ҳамҷавор буда, танҳо дар ҳамин системаи истилоҳот саҳеҳу якмаънист; берун аз доираи ин система истилоҳ якмаъноии худро гум мекунад; саҳеҳӣ: калима ва ё ибораи истилоҳшаванда бояд аз унсурҳои зиёдатӣ орӣ буда, мазмуни мафҳуми илмиро ба таври саҳеҳ инъикос карда тавонад; дараҷаи саҳеҳии истилоҳи илмӣ ба истифодаи воситаҳои дурусти калимасозиву иборабандӣ бастагӣ дорад; кӯтоҳӣ ва ихчамӣ: истилоҳи илмӣ бояд ҳатталимкон кӯтоҳ бошад; вале дар ин маврид дар адабиёти илмӣ-техникӣ дар шакли ибора бештар сохта шудани истилоҳро набояд камии он донист; гардишпазирӣ ё худ татбиқпазирӣ: ба сифати истилоҳи илмӣ дар зарурат бояд калимае пазируфта ва ё сохта шавад, ки гардишпазир бошад, яъне аз он имкони сохтани ҳосилаистилоҳот вуҷуд дошта бошад; дар акси ҳол истилоҳ татбиқи васеъ дошта наметавонад; доимият: истилоҳи илмӣ дар системаи истилоҳоти як соҳаи илм бояд бемуродиф бошад, яъне бояд бо як калима ва ё ибора ифода карда шавад; осонгуфторӣ: калимаи истилоҳшаванда набояд душворталаффуз ва забоншикан бошад; осонфаҳмӣ: истилоҳи илмӣ бояд осонфаҳм бошад, яъне бо гуфтани номи маҳфуми илмӣ бояд муҳимтарин аломати мазмуни он пеши назар ояд; мутобиқгардонӣ: шакли истилоҳи иқтибосӣ (бегона) бояд ба савтиёти забони тоҷикӣ мутобиқ гардонда шавад (агар ба ин зарурат бошад).
Дигар мақолаҳо:
Пояҳои густариши забони миллӣ..
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи дав-латӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат бояд аҳамияти зиёде дода шавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонуни забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. бештар>>
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ..
Таркиби луғавии ҳар як забони миллиро чун манзумаи мураккабе муойина кардан мумкин аст, ки бунёдии онро дар баробари луғати оммавӣ (яъне калимаву ибораҳое, ки дар гуфтору навиштори ҳамарӯзаи одамон новобаста ба фаъолияти тахассусиашон истеъмол мешаванд), ҳамчунин луғати махсусе ё худ вежалуғат ташкил медиҳад, ки истеъмоли умум надорад. бештар>>
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj