Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт
Ахбор
Таърихи мухтасари кумита
Фаъолияти кумита
Кормандони кумита
Фарҳангнигорӣ
Мақолаҳо
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ..

Таркиби луғавии ҳар як забони миллиро чун манзумаи мураккабе муойина кардан мумкин аст, ки бунёдии онро дар баробари луғати оммавӣ (яъне калимаву ибораҳое, ки дар гуфтору навиштори ҳамарӯзаи одамон новобаста ба фаъолияти тахассусиашон истеъмол мешаванд), ҳамчунин луғати махсусе ё худ вежалуғат ташкил медиҳад, ки истеъмоли умум надорад. Ин навъи луғат дар гуфтору навиштори шахсоне бештар истифода мешавад, ки дар ин ё он соҳаи тахассусӣ (илм, техника, адабиёт, ҳарб, фарҳанг, тибб, истеҳсолот, тиҷорат ва ғайра) фаъолият доранд. Ба иборати дигар, вежалуғат қисмате аз таркиби луғавии забони миллист ва аз нигоҳи истеъмол ғолибан мансуб ба забони муоширати шахсони ҳамихтисос ва ё наздикихтисос мебошад. Ин навъи забони муоширатро бар қиёси забони адабӣ вежазабон ё худ забони вежамақсад дар забони миллӣ гуфтан мумкин аст. Чунончи, забони илмӣ бахше дар забони миллӣ аст. Илм як соҳаи пажӯҳандагиву созандагии инсон дар шинохти олам аст. Яке аз воситаҳои зарурии пешбурди илм ва расонидани иттилооти илмӣ дар ҷомеъ забони илмӣ мебошад, зеро дурдонаҳои ҳар як илм пеш аз ҳама дар шакли адабиёти илмиву дарсӣ ва илмии оммафаҳм дастраси умум гардонида мешавад. Бунёди забони илмиро воситаҳои забонии забони адабии миллӣ ташкил медиҳанд. Хусусан онҳо дорои грамматикаи қариб якхела мебошанд. Ба гуфти дигар, забони илмӣ маҷмӯъе аз воситаҳои интихобии забони адабии миллист, ки ҷиҳати ифода кардани матнҳои мансуб ба ин ё он соҳаи илм истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин, чанд аломатеро нишон додан мумкин аст, ки тафовути байни забони илмӣ ва забони адабиро ифода мекунанд: Истеъмол: забони илмӣ назар ба забони адабӣ истеъмоли камтар дорад, зеро онро бештар шахсоне истифода мекунанд, ки мутахассиси ин ё он соҳаи илманд ва ё дар мактабҳои миёнаву олӣ ҷиҳати ба ҷавонон омӯзонидани асосҳои ин ё он соҳаи илм машғуланд; Захираи луғавӣ: захираи луғавии забони илмӣ назар ба захираи луғавии забони адабӣ чанд маротиба зиёд аст,зеро бо ҳар яке аз имконоти забони адабӣ метавон забони чанд соҳаи илмро ба вуҷуд овард. Захираи луғавии забони илмиро чунин калимаву ибораҳо ташкил медиҳанд: калимаҳои маъмулии забони адабӣ; калимаҳои махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ, ки дар забони илмӣ бар дӯши онҳо мазмуни нави илмие вогузор шудааст; тозакалимаву тозаибораҳое, ки дар раванди маърифати илмиву техникӣ ҷиҳати ифода кардани номи мафҳумҳои илмиву техникӣ сохта шудаанд; Таркиби луғавӣ: таркиби луғавии забони илмиро дар баробари калимаҳои маъмулии забони адабӣ, ҳамчунин калимаҳои байналмилалӣ ва калимаҳое, ки номи мафҳумҳои умумиилмӣ, номҳои ҷуғрофӣ, номи чизҳои кайҳонӣ ва монанди онро ифода мекунанд, ва воситаҳои ғайризабоние чун аломат, рамз, ишора, нақша, расм, график, диаграмма, формула ва ғайра ташкил медиҳанд. Воҳидҳои луғавӣ: қисмати зиёдтарини воҳидҳои луғавии забони илмиро (дар баробари калимаҳои оддии забони адабӣ) истилоҳот (яъне маҷмӯъи калимаву ибораҳое, ки номи мафҳумҳои илмиро ифода мекунанд) ва номвожагон (яъне маҷмӯъи калимаву ибораҳое, ки номи чизҳои илмиву тахникиро ифода мекунанд) ташкил медиҳанд; Номгузории махсуси воҳидҳои луғавӣ: воҳидҳои луғавии забони илмӣ бар хилофи воҳидҳои забони адабӣ дар натиҷаи амали махсуси номгузорӣ тавлид меёбанд. Тавре, ки маълум аст, калимаҳо дар забони адабӣ барои ифода кардани номи шартии чизу ҳодисаҳое истифода мешаванд,ки дар шароити табиӣ вуҷуд доранд ва онҳоро инсон ҳамарӯза истифода ва мушоҳида мекунад. Ба иборати дигар, инсон барои аз якдигар фарқ карда тавонистани чизу ҳодисаҳои табиӣ онҳоро бо калимаҳои алоҳида номгузорӣ мекунад. Ин калимаҳо дар аксари кулли мавридҳо маъниеро ифода мекунанд. Воҳидҳои луғавии забони илмӣ (яъне истилоҳот ва номвожагон) барои ифодаи номи чизу ҳодисаҳои илмие истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ ба инсон маълум набуданд ва танҳо дар раванди аз тарафи инсон шинохта шудани табиат ва сохтани дастгоҳу механизмҳо ошкор мегарданд. ҷиҳати ба ҳамагон ошкор гардидани ин ҳодиса ва ё чизи нави илмиву техникӣ онҳо бо калимае номгузорӣ мешаванд. Вале ин номгузорӣ мисли номгузории забони умумӣ сурат намегирад. Дар ин маврид чиз ё ҳодисаи нави илмӣ бо калима ё иборае номгузорӣ мешавад, ки ба мазмуни мафҳуми ҳодиса ё сохти чиз алоқамандӣ дорад (новобаста ба он, ки ин ҳангом калимаи махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ интихоб мегардад, ва ё калимаи тозае сохта мешавад). Ба гуфти дигар, воҳиди луғавии забони адабӣ на маъние, балки мазмунеро соҳиб аст. Чунончи барои номгузорӣ кардани ҳодисаи нави илмӣ калимаеро интихоб ва ё сохтан зарур аст, ки яке аз аломатҳои барҷастатарини мазмуни мафҳуми илмиро ифода карда тавонад. Аз ин ҷо боз як аломати муҳимми забони илмӣ рӯ мезанад: Робитаи воҳидҳои луғавии забони илмӣ ба мафҳум ва чизи илмиву техникӣ Сунъӣ будани эҷоди воҳидҳои луғавии забони илмӣ: Ин вежагӣ хоси ҳар гуна воҳиди луғавии забони илмӣ аст (хоҳ худӣ бошад, хоҳ бегона), зеро ин воҳидҳои луғавӣ (хосатан истилоҳот) асосан бо се роҳи сунъӣ офарида мешаванд: бо роҳи бар дӯши калимаи забони адабӣ бор кардани мазмуни мафҳуми илмӣ аз рӯи яке аз аломатҳои барҷастаи мазмуни мафҳуми илмӣ сохтани номи он, ки дар ин маврид ном метавонад калимаи сунъӣ бошад; вомгирии воҳидҳои луғавӣ аз забонҳои муқтадири илмӣ (англисӣ, фаронсавӣ,олмонӣ, русӣ ва чанди дигар) Шартӣ будани истеъмоли номи воҳиди луғавӣ, яъне тағйирпазирии шакл ва мазмуни воҳиди луғавӣ дар забони илмӣ. Номи баъзе воҳидҳои луғавии забони илмӣ метавонад муваққатӣ бошад, зеро илм ва техника ҳамеша дар инкишофанд ва мумкин аст баъди солҳо мазмуни мафҳуми илмӣ тағйири шакл кунад. Дар ин маврид маънии аломатҳои инъикоскунандаи мазмуни мафҳуми илмӣ низ тағйир меёбад ва вобаста ба ин лозим меояд, ки номи мафҳум (яъне истилоҳ) низ тағйир дода шавад. Чунончи,дар илми физика истилоҳи «сарҳади сурхи фотоафканиш» имрӯз «остони тобиши фотоэлектронӣ» гуфта мешавад, зеро пештар чунин пиндошта мешуд,ки ин сарҳад дар ҳудуди қисми сурхи спектр мехобад. Чунин ҳолат, масалан, дар сурати такмили асбоби физикие низ рух дода метавонад. ҳосила будани воҳидҳои луғавии забони илмӣ нисбат ба воҳидҳои луғавии забони адабӣ: Ин аломат хусусан гоҳи сохтани калимаистилоҳот (яъне калимаҳои махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ, ки бар дӯши онҳо мазмуни мафҳуми илмие вогузор шудааст) ва номи чизҳои илмӣ (яъне чизҳое, ки гоҳи пажӯҳиши илмӣ ошкор мегарданд ва ё дар заминаи ғояҳои илмӣ сохта мешаванд) зоҳир мегардад; Тарҷумапазирии воҳидҳои луғавии забони илмӣ: Тарҷумаи воҳидҳои луғавии забони илмӣ ҷоиз аст. Ин фароянди аз забонҳои муқтадири илмӣ ба ҳар гуна забони дигари миллӣ баргардон кардани воҳиди луғавии забони илм, хосатан калимаистилоҳоти илмӣ мебошад. Дар ин маврид шарти зарурӣ ин аст,ки воҳиди луғавӣ дар ҳар ду забон маънии наздик (саҳеҳтар, шакли маънии якхела) дошта бошад. Калимагароии воҳиди луғавии забони илмӣ: Калимагароӣ ҳодисаи ба калимаи забони адабӣ табдил шудани воҳиди луғавии забони илмӣ мебошад. Дар ин маврид, тозавоҳиди сунъисохти забони илмӣ мазмуни илмии худро гум карда, чун калимаи оддӣ ба захираи луғавии забони адабӣ ворид мешавад. Масалан,истилоҳи илмии «нурбориш», ки муодили тоҷикии истилоҳи русии «облучение» аст ва мазмуни илмии «бо таъсири нур тағйир додани хосиятҳои ҷисм»-ро дорад, метавонад ба захираи луғавии забони адабӣ ворид шуда, маънии луғавии «нурбор кардан», «нур боридан»-ро гирад. Басомади воҳиди луғавӣ ё худ такрорпазирии чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ дар дарозои матни забони як соҳаи илм: Дар забони як соҳаи илм дарозои умумии матн на аз ҳисоби чӣ қадар ворид кардани калимаҳои нав, балки дар натиҷаи такрори чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки ин ҳодиса хоси забони адабӣ намебошад. Имконпазирии чандмазмунии ҳамон як воҳиди луғавӣ дар забони соҳаҳои гуногуни илм: Чандмазмунӣ ҳодисаи дар забонҳои гуногуни илм мазмуни дигар доштани ҳамон як воҳиди луғавӣ мебошад. Чунончи,ҷои тааҷҷуб нест, агар ба сифати муодили тоҷикии истилоҳи «акустика» дар илмҳои забоншиносӣ ва физика ҳамон як истилоҳи «садошиносӣ» пазируфта шавад. Тафовут танҳо дар он хоҳад буд, ки мафҳуми «садошиносӣ» дар илмҳои зикршуда мазмуни гуногун дорад, яъне табиати пайдо шудани садо гуногун аст. Истилоҳеро, ки дар як шакл, вале бо мафҳумҳои гуногун дар чанд соҳаи илм истеъмол мешавад, сайёристилоҳ гуфтан мумкин аст. Соҳиби таъриф (дефинитсия) будани баъзе воҳидҳои асосии забони илмӣ: Таъриф ифодаи кӯтоҳ, вале саҳеҳу равшани баёни мазмуни асосии мафҳуме мебошад, ки он ба воситаи истилоҳ номгузорӣ шудааст. Ин тафовути асосии истилоҳ дар забонҳои адабӣ ва илмӣ аст, зеро дар забони адабӣ истилоҳ на соҳиби таъриф, балки шарҳу маънӣ мебошад Ба воситаи исмҳои маънӣ, исмҳои феълӣ ва сифат бештар сохта шудани воҳидҳои луғавии забони илмӣ: Фориғ будани воҳидҳои луғавии забони илмӣ аз сермаъноӣ ва, умуман, аз тобишҳои маъноӣ, ва ғайра. ҳамин тариқ, яке аз хусусиятҳои муҳимми забони илмӣ майлони тахассусӣ доштани он мебошад. Вале забони илмӣ аз нигоҳи луғавӣ танҳо бо луғатҳои махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ маҳдуд намебошад. Таркиби луғавии забони илмиро ҳамчунин номҳои хос (номи олимон, кошифону ихтироъсозон ва ғайра), ихтисора ва ҳарфикалимаҳо низ ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин, дар забони илмӣ воҳидҳои ғайризабоние чун рамзу аломат, график, формулаҳои математикӣ ва монанди ин низ истеъмол мешаванд, ки онҳо ҳам мафҳумеро ифода мекунанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки забони илмӣ нисбат ба забони адабӣ аз нигоҳи истифодаи луғатҳои махсус ғанотар буда, вале аз нигоҳи он, ки танҳо қисмате аз воситаҳои ифодаи забони адабиро истифода мекунад, камбағал мебошад. Пирмуҳаммад Нуров номзади илмҳои филологӣ.
Дигар мақолаҳо:
Забон рукни асоситарини давлатдорист..
Раванди ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ расидани ҷумҳурии тоҷикистон як марҳилаи мушкили давраи навини таърихи тоҷикистон аст. Мардуми тоҷикистон дар давраи муҳокима ва қабули қонуни забон ба таври возеҳу равшан рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодихоҳии худро нишон доданд. Метавон гуфт,ки муҳокима ва қабули қонуни забон давраи аввали ба истиқлол расидани тоҷикистон аст. бештар>>
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода.
14октябри соли 2011 дар бинои асосии ширкати «Вавилон-Мобайл» озмуни «Сомонаибеҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода» ҷамъбаст гардид. Дарчорабинии мазкур миёни 17 барномаи пешниҳодшуда нафар 3 сомонаи беҳтарининтихоб карда шуданд. Инчунин кори 5 довталаби дигар низ ба инобат гирифташуда, соҳибони онҳо қадрдонӣ карда шуданд. бештар>>
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj