Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт
Ахбор
Таърихи мухтасари кумита
Фаъолияти кумита
Кормандони кумита
Фарҳангнигорӣ
Мақолаҳо
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Хабари баргузории Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ» .

Рӯзи 28 майи соли 2008 дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ» оғоз ёфт. Дар кори Конференсия донишмандон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Донишгоҳи Индианаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка иштирок доранд. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Диноршоев М. Д. ифтитоҳ намуд.

Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»

Сипас суханрониҳо тибқи барнома бо гузориши Толиби Розӣ - Раиси кумитаи истилоҳот дар мавзӯи «Масоили умумии созгории забони тоҷикӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва баҳрагирӣ аз он» идома ёфтанд. Дар рӯзи аввали кори Конференсия гузоришҳои Хоҷаёров Насрулло (Донишгоҳи Индианаи ШМА), Қаҳрамон Сулаймонӣ  (Ройзании фарҳангии сафорати ҶИЭ), доктор Фарибури Хусравӣ (Китобхонаи миллии ҶИЭ), Атоев Асомуддин (Тоҷикистон), Қосимов Рустам (Тоҷикистон), Комилов Файзалӣ (Тоҷикистон), доктор Алӣ Кофӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва Талъат Нӯъмонов шунида шуданд.
Гузориши Хоҷаёров Насрулло дар мавзӯи «Истифодаи маводди чандрасонаӣ зимни таълими забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Индиана» ва ба маърази намоиш гузоштани корҳои анҷомдодаи ӯ бо истиқболи гарми иштирокдорони ҳамоиш пазируфта шуд.

Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»
Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»
Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»
Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»
Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»
Конференсияи байналмилалии «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»


Дигар ахбор:
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj