|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБӮЗИРОА МУАММАРИИ ГУРГОНӢ
Аз ҷумлаи шоирони давраи охири аҳди Сомониён аст. Мувофиқи хабари Муҳаммад Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» амири Хуросон аз ӯ ба монанди Рӯдакӣ шеър гуфтанро хост ва Абӯзироа дар қитъае гуфт, ки агар ба монанди Рӯдакӣ силат меёфт, аз ӯ шеър некӯтар мегуфт. Абӯзироа яқинан баъди марги Рӯдакӣ мақому шӯҳрати шоирӣ ёфтааст.
Аз ашъори ӯ 5 қитъа аз манбаъҳо ҷамъоварӣ шудааст.
Ҷаҳоншинохта гаштам ба рӯзгори дароз, Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз. Надидам аз паси дин ҳеч беҳтар аз ҳастӣ, Чунонки нест пас аз кофарӣ батар зи ниёз.
Саҳифаи 1/6
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|