|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБУЛҚОСИМИ БУШРИ ЁСИН
Ӯ устоди орифи машҳур Абӯсаъид Абулхайр буда, дар Майҳана (наздикии Ишқободи ҳозира) ба дунё омада ва соли 380 ҳиҷрӣ (991 милодӣ) ҷаҳонро падруд гуфтааст. Абӯсаъид Абулхайр аз ӯ дар кӯдакӣ таълим гирифтааст. Дар китобҳои «Асрор-ут-тавҳид» ва «Ҳолоту суханони Шайх Абӯсаъид» даҳ байт ба номи ин Шайх Абулқосим омадааст ва ҳам аз Абӯсаъид чунин нақл кардаанд: «Мо ҳар киро шеър бигуфтаем, он чи бар забони мо равад, гуфтаи азизон бувад ва бештар аз они пир Абулқосими Бушр буд». Имрӯз ашъори Абулқосими Бушри Ёсин ва Абӯсаъид Абулхайрро сареҳан ҷудо кардан имкон надорад. Бегумон Бушри Ёсин аз аввалин орифони суханвар будааст.
Мард бояд, ки ҷигарсӯхта хандон бувадо, Не ҳамоно, ки чунин мард фаровон бувадо.
Саҳифаи 1/6
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|