Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳасани Сарахсӣ сӯфии номдори охирҳои асри Х милодӣ буд. Ориф ва шоири маъруф Абӯсаъид Абулхайр дар ҷавонӣ ба Сарахс ҷиҳати омӯхтани илм омад ва бо шайх Абулфазл шиносоӣ пайдо кард ва ба ҳалқаи муридони вай даромада, то охир ҳалқаи иродати ӯ бар гӯш дошт. Аз ашъори Абулфазл ҳамагӣ як байти зерин боқӣ мондааст, ки мухотаби он Абӯсаъид Абулхайр будааст:
Мастак шудаӣ ҳаме надонӣ пасу пеш, Ҳон гум накунӣ ту ин сари риштаи хеш.