Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

ШОКИРИ БУХОРОӢ

Аз ҷумлаи шоирони маъруфи нимаи аввали асри Х мебошад. Хусравонӣ – шоири ҳамзамони ӯ чунин ёд мекунад:

Ҳаме ҳасад кунаму солу моҳ рашк барам
Ба марги Булмасалу марги Шокиру Ҷуллоб.

Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидаи ба Унсурии Балхӣ бахшидааш аз панҷ шоири бухороӣ ёд мекунад, ки яке аз онҳо ҳамин Шокир аст:

Аҳтаму Аъшо дар он ҷониб шуда соҳибнафир,
Шокиру Ҷуллоб аз ин ҷониб шуда соҳибназар.

Аз ашъори ӯ 38 байт боқӣ мондааст. Дар ин китоб танҳо як байти дорои алфози қабеҳ ҳазф шуд.

Турк бо кажжкамон рост кунад кори ҷаҳон,
Ростӣ тираш кажжӣ кунад андар ҷигаро.
Ҳама возиҷ пурангуру ҳама ҷой асир,
Ранҷ варзид, кунун бар бихӯрад барзгаро.
Нафрин кунам зи дард фиъоли замонаро,
К-ӯ кибр доду мартабат ин куфшонаро.
Онро, ки бо макую калоба бувад шумор,
Барбат куҷо шиносаду чангу чағонаро?!
Ба он кас, ки ҷонаш зи дониш тиҳист,
Ситеҳиданат мояи аблаҳист.
Баҳри дунё то ба кай колиданат,
Ҳар замон ҷӯшидану нолиданат.

Саҳифаи 1/29
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
Қасоиду ғазалиёт ва қитъаот
Рубоиёт
Абёти пароканда
Абёти пароканда аз маснавиҳо

Луғатҳои бар пояи матни ин китоб таҳияшуда
Луғатномаи китобшиносӣ
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj