|
ҶУЛЛОБИ БУХОРОӢ
Ҷуллоби Бухороӣ низ эҳтимолан яке аз панҷ шоири номии Бухорост, ки Манучеҳрӣ аз онҳо ёд кардааст. Саноӣ дар таркиббанди худ бо матлаи:
Эй Саноӣ, бигзар аз ҷон, дар паноҳи тан мабош, Чун фаришта ёр дорӣ, ҷуфти Аҳриман мабош.
аз шоирони ҳамшаҳр ва ҳамзамон – Шокир ва Ҷуллоб дар радифи шоирони араб – Ахтал ва Аъшо чунин ёд мекунад:
Ахталу Аъшо дар он ҷониб шуда соҳибнафир, Шокиру Ҷуллоб аз ин ҷониб шуда соҳибнафар.
Аз ашъори Ҷуллоби Бухороӣ танҳо 4 байти зерин дастрас шудааст:
Бурда дили ман ба дасти ишқ забун аст, Сахт забуне, ки ҷону тан-ш рабун аст.
Саҳифаи 1/4
|