|
1. СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКУЙСуруди оташкадаи Каркуй дар китоби «Таърихи Систон»-и муаллифи номаълум ва дар китоби «Гаршосп»-и «Шоҳнома»-и Абулмуайяди Балхӣ нақл шудааст. Суруди оташкадаи Каркуй шеъри шашҳиҷоӣ буда, дар давраи аввали устувор шудани ислом дар ҳудуди Хуросон ба вуҷуд омадааст. Матни он суруд ин аст:
Фрухта бодо руш, Хуниза Гаршосп хуш. Ҳаме бирафш аз ҷӯш, Анӯш кун, май нӯш. Дӯст базогӯш, Ба офарин ниҳода гӯш. Ҳамеша некӣ кӯш, (Ки) дӣ гузашту дӯш. Шоҳо, худойгоно, Баофарин шоҳӣ.
|