|
Посух додани зарир Арҷоспро
xЗарир – кӯр, нобино, бемор2;ам он гаҳ чу гуфт ин сухан шаҳрёр, Зарири сипаҳдору Исфандёр. Кашиданд шамшеру гуфтанд: Агар Касе бошад андар ҷаҳон сар ба сар, Ки напсандад ӯро ба пайғамбарӣ, Сар андарнаёрад ба фармонбарӣ. Наёяд ба даргоҳи фархунда шоҳ, Набандад миён пеши зебанда гоҳ. Нагирад аз ӯ роҳу дини беҳӣ, Нагардад мар ин дини беҳро раҳӣ. Ба шамшер ҷон аз танаш барканем, Сарашро ба дори барин баркунем. Сипаҳдор, к-аш ном будӣ Зарир, Набардасаворе даманда чу шер. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-эй номдор, Чу дастур бошад маро шаҳрёр, Ки посух кунам ҷоду Арҷоспро, Писанд омад ин шоҳ Гуштоспро. Ҳало-гуфт-бархезу посух-ш кун, Николи тагинони халлух-ш кун. Зариру гаронмоя Исфандёр Чу Ҷомосп-дастури фархундакор Зи пешаш бирафтанд ҳар се ба ҳам, Шуда рух пур аз чину дилҳо дижам. Навиштанд нома ба Арҷоспи зишт, Ҳам андархури он куҷо ӯ навишт. Зарири сипаҳбад гирифташ ба даст, Чунон ҳам кушода бибурдаш, набаст. Суи шоҳ бурду бар ӯ - бар бихонд, Ҷаҳондор Гуштосп хира бимонд. Зи доно сипаҳбад Зарири савор, Зи Ҷомоспу аз пураш Исфандёр. Бибасту навишт аз бараш номи хеш, Фиристодагонро бихонданд пеш. Бигиред – гуфто – бари ӯ баред, Магар з-ин сипас роҳи ман наспаред. Агар нестӣ андар Астову Занд, Фиристодаро зинҳор аз газанд. Аз ин хоб бедоратон кардаме, Ҳама зинда бар доратон кардаме. Бад-он то бидонистӣ он нобакор, Ки гардан наёзад або шаҳрёр. Бияндохт нома – бигуфто – гиред, Мар инро суи турки ҷоду баред. Бигӯед, ҳушат фароз омадаст, Ба хуну ба хокат ниёз омадаст. Зада бод гардан-ту хаста миён, Ба хок - андарун рехта устухон.
Саҳифаи 1/2
|