Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Гурехтани Арҷосп аз Корзор

Чу боз оварид он гаронмоя кин,
Бар аспи Зарире барафканд зин.
Хиромид то пеши овардгоҳ,
Ба се баҳра кард он каёнӣ сипоҳ.
Аз он се якеро ба Настур дод
Яли лашкарафрӯзи фаррухнажод.
Дигар баҳраро бо бародар супурд
Бузургони Эрону мардони гурд.
Севум баҳраро сӯи худ боздошт,
Ки чун абри ғурранда овоз дошт.
Чу Настури гарданкаши поктан,
Чу Нӯшозар он паҳлави размзан.
Ҳамедун бибастанд паймон бар ин,
Ки гар теғи душман бидаррад замин.
Нагардем зинда аз ин ҷанг боз,
Надорем аз ин бадкуниш чанг боз.
Бар ин бар бибастанд танг устувор,
Бигуфтанду рафтанд зӣ корзор.
Чу эшон фиканданд асп аз миён,
Гавону ҷавонони эрониён.
Ҳама яксар аз ҷой бархостанд,
Ҷаҳонро ба ҷавшан биёростанд.
Аз эшон бикуштанд чандин савор,
К-аз он танг шуд ҷои он корзор.
Чунон хун ҳамерафт бар кӯҳу дашт,
К-аз он осиёҳо ҳаме дар бигашт.
Чу Арҷосп он дид, омад ба пеш
Або номдорону мардони хеш.
Гави гурдкуш найза андарниҳод,
Бар он наррадевони пайғунажод.
Ҳаме дӯхтшон синаҳо бозпушт,
Чунин то басе саркашонро бикушт.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
Қасоиду ғазалиёт ва қитъаот
Рубоиёт
Абёти пароканда
Абёти пароканда аз маснавиҳо

Луғатҳои бар пояи матни ин китоб таҳияшуда
Луғатномаи китобшиносӣ
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj