Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Омадани Ҷомосп ба назди Исфандёр

Бад-он рӯзгор - андар Исфандёр
Ба дашт - андарун буд баҳри шикор.
Аз он дашт овоз додаш касе,
Ки Ҷомоспро кард хусрав гусӣ.
Чу он бонг бишнидаш, омад шигифт,
Бипечиду хандидан андаргирифт.
Писар буд ӯро гузида чаҳор,
Ҳама хубрӯю набардасавор.
Яке ном Баҳман, яке Меҳрнӯш,
Севум Озарафрӯз гурди баҳуш.
Чаҳорум-шро ном Нӯшозаро,
Ки бинҳод ӯ гунбади озаро.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Баҳман – писар,
Ки то ҷовидон сабз бодот сар.
Яке жарф ханда бихандид шоҳ,
Бад-ӯ гуфт: Бингар, ки ояд ба роҳ.
Якояк бигуфтанд, к: - Эй шаҳрёр,
Маханду аз ин ҳодиса шарм дор.
Ба пурон бигуфт: Андар ин рӯзгор
Кас омад маро аз дари шаҳрёр.
Зи ман хусрав озор дорад ҳаме,
Дилаш аз раҳӣ бор дорад ҳаме.
Гаронмоя фарзанд гуфто: Чаро
Чӣ кардӣ бад-ин хусрави кишваро?
Шаҳи шаҳрёрон бигуфт: Эй писар,
Гуноҳе надорам ба ҷони падар.
Магар он ки то дин биёмӯхтам,
Ҳаме дар ҷаҳон озар афрӯхтам.
Ҷаҳон вижа кардам ба бурранда теғ,
Чаро дорад аз ман ба дил шоҳ реғ?
Ҳамоно дилаш дев бифрефтаст,
Ки бар бастани ман чунин шефтаст.
Ҳаме то бад-ин андарун буд шоҳ,
Падид омад аз дур гарди сипоҳ.
Зи аспи чаманда фуруд омаданд,
Гаву пир ҳар ду пиёда шуданд.
Бипурсид аз ӯ фаррух Исфандёр,
Ки: Чун аст шоҳ, он гави номдор?
Хирадманд гуфто: Дуруст асту шод,
Сарашро бибӯсиду нома бидод.
Дуруст аз ҳама кораш огоҳ кард,
Ки мар шоҳро дев гумроҳ кард.
Хирадмандро гуфт Исфандёр:
Чи бинӣ маро андар ин рӯзгор?
Ар эдунки бо ту биёям бадар,
На некӯ кунад кор бо ман падар.
В-ар эдун, ки н-оям ба фармонбарӣ,
Бурун бурда бошам сар аз кеҳтарӣ.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 








 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj