|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Корпус Лоика Шерали 1941 - 2000
|
Хоки Ватан
ВАРЗОБ. ШАБИ МАҲТОБ Рӯд чун хотири болидаи Варзобдара,
Моҳ чун қоши тилоист ба пешонаи кӯҳ.
Ваҳ чӣ оҳанги илоҳист, ки ояд аз рӯд,
Бесухан арза кунад қиссаю афсонаи кӯҳ.
Ахтарон рехта дар синаи дарё чу шарар,
Дили дарёи барошуфта шарористон аст.
Сояи кӯҳ фитода ба сари шонаи деҳ,
Гули маҳтоб ба оҳанги сабо рақсон аст.
Пардаи шаб чу ҳарирест ғуборолуда
Аз ғубори маҳу гарди гулу намрезаи шаб.
Бахудо, бар дилу ҷон ҳеҷ пазиротар нест
Аз хамӯшии шигифтовари покизаи шаб,
Хотири ҷамъу дили беғаму осоиши рӯҳ
Варзиши рӯду тапишҳои таболудаи дил...
Бо касе гар дили кас об хурад дар лаби об,
Бибарад об тамоми ғами беҳудаи дил...
Лаби ин рӯд касе ояду меъод кунад,
Бахти бедор агар ёфт шавад, хоб куҷост?
Рӯди Варзоб ба табъи дили ӯ хоҳад гуфт:
Пардадории шаби равшани Варзоб куҷост? [1975]
|
|
|
|
|
|
|