Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Шеъри рӯз

ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ ҶАҲОН

Ба Қаҳрамони Идтиҳоди
Шӯравӣ Набӣ Акрамов

Саҳни мардонагӣ ҳама дунёст,
Азми мардонагӣ дигаргун аст.
Ҷуръати қаҳрамонӣ кампайдост,
Соҳати қаҳрамонӣ афзун аст.

Зиндагӣ имтиҳони ҷовидон,
Дар баҳояш баҳои ҷон гирад.
Қаҳрамон аст ҳар касе, ки дар он
Қаҳрамонӣ наҷуста, мемирад.

Мисли он ошиқе, ки то бошад
Пеши дилдори хеш ҷон дар каф
Моту мабҳуту сина пур аз сӯз
“Дӯст дорам” нагуфта, хоҳад рафт.

Орзуе, ки қаҳрамон бошанд,
Бештар орзуи тарсуҳост.
Қаҳрамонӣ зи бас бари онон
Худнамоӣ ба назди бонуҳост.

Лек мардони мард дар ҳар ҳол
Пешмаргони разми айёманд.
Қаҳрамонӣ накарда ҳам гузаранд,
Боз ҳам қаҳрамони хушноманд.

Қаҳрамонӣ на дар ҳаёҳуи пуч,
Қаҳрамонӣ дар андарун бошад.
Хориҷ аз ҳадди орзую хаёл,
Хориҷ аз ҳадди озмун бошад.

Орзуе, ки орзуят буд,
Ногаҳон рӯ ба рӯт меояд.
Бирабудан агар натонӣ зуд,
Оҷизии туро набахшояд.

Лаҳзае, ки зи ҷовидон бар ту
Мерасад то ба ҷовидон бирасӣ;
Лаҳзае, ки зи ҳифзи як каф хок
Ба дифои ҳама ҷаҳон бирасӣ;

Дар давоми тамоми умри кас
Боре эҳдо шавад ва ё нашавад.
Боз ин лаҳза иттифоқ афтад,
Лек шояд туро раво нашавад.

Лаҳзае, лаҳзае, ки месозад
Аз туи хокӣ фарди афлокӣ.
Зарраи ҷони ту кунад эҷод
Олами пурдилию бебокӣ.

Лаҳзае, ки намегузорӣ фарқ
Хоки хеш аст ё ки бегона,
Хок гардӣ барои хоки ҷаҳон
Шермардона, қаҳрамонона.

...Дар сари Ҳиндукуш касе фахрид,
Дар буни Ҳиндукуш забун афтод.
Ҳар касе хор кард оташро
Ҳамчу хор оташ – андарун афтод.

Пеши ту омаду сипар афканд
Ҳар кӣ бар Инқилоб душман нест.
Домани Ҳиндукуш агар хун шуд,
Ҳиндукушро вуболи куштан нест...

[1986]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj