|
Оташ афтодан дар шаҳр ба айёми Умар, разийаллоҳу анҳуОташе афтод дар аҳди Умар, Ҳамчу чӯби хушк мехӯрд ӯ ҳаҷар. Дарфитод андар бинову хонаҳо, То зад андар парри мурғу лонаҳо. Ними шаҳр аз шӯълаҳо оташ гирифт, Об метарсид аз ону мешигифт. Машкҳои обу сирка мезаданд Бар сари оташ касони ҳушманд. Оташ аз истеза афзун мешудӣ, Мерасид ӯро мадад аз беҳадӣ. Халқ омад ҷониби Уммар шитоб, К-оташи мо менамирад ҳеч аз об. Гуфт: «Он оташ зи оёти Худост, Шӯълае аз оташи бухли шумост. Обу сирка чист? Нон қисмат кунед, Бухл бигзоред, агар оли манед». Халқ гуфтандаш, ки дар бигшудаем, Мо сахӣ в-аҳли футувват будаем. Гуфт: «Нон дар расму одат додаед, Даст аз баҳри Худо нагшодаед. Баҳри фахру баҳри бавшу баҳри ноз, Н-аз барои тарсу тақвову ниёз». Мол тухм асту ба ҳар шӯра манеҳ, Теғро дар дасти ҳар раҳзан мадеҳ, Аҳли динро боздон аз аҳли кин, Ҳамнишини Ҳақ биҷӯ, бо ӯ нишин. Ҳар касе бар қавми худ исор кард, Коға пиндорад, ки ӯ худ кор кард.
Страница 164/173 |