|
Баёни таваккул ва тарки ҷаҳд гуфтани нахҷирон ба шерТоифай нахҷир дар водии х(в)аш, Будашон аз шер доим кашмакаш. Бас ки он шер аз камин медаррабуд, Он чаро бар ҷумла нохуш гашта буд. Ҳила карданд, омаданд эшон ба шер, К-аз вазифа мо туро дорем сер. Баъд аз ин андар пайи сайде маё, То нагардад талх бар мо ин гиё.
Саҳифаи 43/173 |