|
Тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро бар ҷаҳду иктисобҶумла гуфтанд: «Эй ҳакими бохабар, Алҳазар, даъ лайса юғно ъан қадар. Дар ҳазар шӯридани шӯру шар аст, Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст. Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез, То нагирад ҳам қазо бо ту ситез. Мурда бояд буд пеши ҳукми Ҳақ, То наёяд захм аз раббулфалақ».
Саҳифаи 45/173 |