|
Боз тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро бар ҷаҳдҶумла бо вай бонгҳо бардоштанд, К-он ҳарисон, ки сабабҳо коштанд. Сад ҳазор андар ҳазор аз марду зан, Пас чаро маҳрум монданд аз заман? Садҳазорон қарн з-оғози ҷаҳон, Ҳамчу аждарҳо гушода сад даҳон. Макрҳо карданд он доногурӯҳ, Ки зи бун барканда шуд з-он макр кӯҳ. Кард васфи макрҳошон зулҷалол, «Литазула минҳу ақлолу-л-ҷибол». Ҷуз ки он қисмат, ки рафт андар азал, Рӯй нанмуд аз шикору аз амал. Ҷумла афтоданд аз тадбиру кор, Монд кору ҳукмҳои кирдгор. Касб ҷуз номе мадон, эй номдор, Ҷаҳд ҷуз ваҳме мапиндор, эй аёр.
Саҳифаи 49/173 |