|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари якум |
|
|
Нигаристани Азроил бар марде ва гурехтани он мард дар сарои Сулаймон алайҳиссалом ва тақрири тарҷеҳи таваккул бар ҷаҳд ва қиллати фоидаи ҷаҳдРодмарде чоштгоҳе даррасид, Дар сароадли Сулаймон дардавид. Рӯяш аз ғам зарду ҳар ду лаб кабуд, Пас Сулаймон гуфт: «Эй хоҷа, чӣ буд?» Гуфт: «Азроил дар ман инчунин Як назар андохт пур аз хашму кин». Гуфт: «Ҳин, акнун чӣ мехоҳӣ, бихоҳ.» Гуфт: «Фармо бодро, эй ҷонпаноҳ! То маро з-ин ҷо ба Ҳиндустон барад, Бу, ки банда, к-он тараф шуд, ҷон барад». Нак зи дарвешӣ гурезонанд халқ, Луқмаи ҳирсу амал з-онанд халқ. Тарси дарвешӣ мисоли он ҳарос, Ҳирсу кӯшишро ту Ҳиндустон шинос. Бодро фармуд, то ӯро шитоб Бурд сӯйи қаъри Ҳиндустон бар об. Рӯзи дигар вақти девону лиқо, Пас Сулаймон гуфт Азроилро, К-он мусулмонро ба хашм аз баҳри он Бингаридӣ, то шуд овора зи хон?» Гуфт: «Ман аз хашм кай кардам назар? Аз тааҷҷуб, дидамаш дар раҳгузар. Ки маро фармуд Ҳақ, к-имрӯз ҳон! Ҷони ӯро ту ба Ҳиндустон ситон. Аз аҷаб гуфтам: «Гар ӯро сад пар аст, ӯ ба Ҳиндустон шудан дур андар аст». Ту ҳама кори ҷаҳонро ҳамчунин Кун қиёсу чашм бигшову бибин. Аз кӣ бигрезем? Аз худ? Эй муҳол! Аз кӣ бар бобем? Аз Ҳақ? Эй вабол!
Саҳифаи 50/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|