|
Таънаи зоғ дар даъвои ҳудҳудЗоғ чун бишнуд, омад аз ҳасад, Бо Сулаймон гуфт, к-ӯ каж гуфту бад. Аз адаб набвад ба пеши шаҳ мақол, Хоса, худ лофи дурӯғину муҳол. Гар мар-ӯро ин назар будӣ мудом, Чун надидӣ зери муште хок дом? Чун гирифтор омадӣ дар доми ӯ? Чун қафас андаршудӣ нокоми ӯ? Пас Сулаймон гуфт: «Эй ҳудҳуд, равост, К-аз ту дар аввалқадаҳ ин дурд хост? Чун намоӣ мастӣ, эй хӯрда ту дӯғ? Пеши ман лофе занӣ, он гаҳ дурӯғ?»
Саҳифаи 68/173 |