|
Ҷавоб гуфтани ҳудҳуд таънаи зоғроГуфт: «Эй шаҳ, бар мани ури гадой Қавли душман машнав аз баҳри Худой. Гар ба бутлон аст даъво карданам, Ман ниҳодам сар, бибур ин гарданам. Зоғ, к-ӯ ҳукми қазоро мункир аст, Гар ҳазорон ақл дорад, кофир аст. Дар ту, то кофӣ бувад аз кофирон, Ҷойи ганду шаҳватӣ чун кофи рон. Ман бибинам домро андар ҳаво, Гар напӯшад чашми ақламро қазо. Чун қазо ояд, шавад дониш ба хоб, Маҳ сияҳ гардад, бигирад офтоб. Аз қазо ин таъбия кай нодир аст? Аз қазо дон, к-ӯ қазоро мункир аст».
Саҳифаи 69/173 |