|
Пурсидани шер аз сабаби пой вопас кашидани харгӯшШер гуфташ: «Ту зи асбоби мараз Ин сабаб гӯ хос, к-инастам ғараз». Гуфт: «Он шер андар ин чаҳ сокин аст, Андар ин қалъа зи офот эмин аст». Қаъри чаҳ бигзид, ҳар кӣ оқил аст, З-он ки дар хилват сафоҳои дил аст. Зулмати чаҳ беҳ, ки зулматҳои халқ, Сар набурд он кас, ки гирад пойи халқ. Гуфт: «Пеш о, захмам ӯро қоҳир аст, Ту бибин, к-он шер дар чаҳ ҳозир аст?» Гуфт: «Ман сӯзидаам з-он оташе, Ту магар андар бари хешам кашӣ. То ба пушти ту ман, эй кони карам, Чашм бигшоям, ба чаҳ дарбингарам».
Саҳифаи 72/173 |