|
Дидани хоҷа тӯтиёни Ҳиндустонро дар дашт ва пайғом расонидан аз он тӯтӣЧунки то ақсои Ҳиндустон расид, Дар биёбон тӯтии чанде бидид. Маркаб истонид, пас овоз дод, Он салому он амонат боздод. Тӯтие, з-он тӯтиён ларзид бас, Уфтоду мурду бугсасташ нафас. Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар, Гуфт: «Рафтам дар ҳалоки ҷонвар, Ин магар хеш аст бо он тӯтияк? Ин магар ду ҷисм буду рӯҳ як? Ин чаро кардам? Чаро додам паём? Сӯхтам бечораро з-он гуфти хом». Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст В-он чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст. Сангу оҳанро мазан барҳам газоф Гаҳ зи рӯйи нақлу гаҳ аз рӯйи лоф. З-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор, Дар миёни пунба чун бошад шарор? Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд, З-он суханҳо оламеро сӯхтанд. Оламеро як сухан вайрон кунад, Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад. Ҷонҳо дар асли худ исодаманд, Як замон захманду гоҳе марҳаманд. Гар ҳиҷоб аз ҷонҳо бархостӣ, Гуфт ҳар ҷоне масеҳосостӣ. Гар сухан хоҳӣ, ки гӯйӣ чун шакар, Сабр кун, аз ҳирс ин ҳалво мах(в)ар. Сабр бошад муштҳои зиракон, Ҳаст ҳалво орзуи кӯдакон. Ҳар кӣ сабр овард, гардун барравад, Ҳар кӣ ҳалво х(в)ард, вопастар равад.
Страница 87/173 |