|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Четвертая тетрадь |
|
|
Муолиҷа кардани бародари даббоғ даббоғро ба хуфя ба бӯйи саргинХалқро меронд аз вай он ҷавон, То илоҷашро набинанд он касон. Сар ба гӯшаш бурд ҳамчун розгӯ, Пас ниҳод он чизро бар бинӣ ӯ. К-ӯ ба каф саргини саг соида буд, Доруи мағзи палид он дида буд. Соате шуд, мард ҷунбидан гирифт, Халқ гуфтанд, ин фусуне буд шигифт, К-ин бихонд афсун, ба гӯши ӯ дамид, Мурда буд, афсун ба фарёдаш расид. Ҷунбиши аҳли фасод он сӯ бувад, Ки зинову ғамзаву абрӯ бувад. Ҳар киро мушки насиҳат суд нест, Лоҷарам бо бӯйи бад хӯ карданист. Мушриконро з-он наҷас хондаст Ҳақ, К-андаруни пушк зоданд аз сабақ. Кирм, к-ӯ зодаст дар саргин абад, Менагардонад ба анбар хӯйи х(в)ад. Чун назад бар вай нисори рашши нур, ӯ ҳама ҷисм аст, бе дил чун қушур. В-ар зи рашши нур Ҳақ қисмеш дод, Ҳамчу расми Миср саргин мурғ зод. Лек на мурғи хасиси хонагӣ, Балки мурғи донишу фарзонагӣ. Ту бад-он монӣ, к-аз он нури тиҳӣ, З-он ки бинӣ бар палидӣ мениҳӣ. Аз фироқат зард шуд рухсору рӯ, Барги зардӣ, меваи нопухта ту. Дег з-оташ шуд сиёҳу дудфом, Гӯшт аз сахтӣ чунин мондаст хом. Ҳашт солат ҷӯш додам дар фироқ, Кам нашуд як зарра хомиту нифоқ. Ғӯраи ту санг баста, к-аз сақом Ғӯраҳо акнун мавизанду ту хом.
Страница 13/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|