|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Четвертая тетрадь |
|
|
Дидани дарвеш ҷамоати машоихро дар хоб ва дархост кардани рӯзии ҳалол бе машғул шудан ба касб ва аз ибодат мондан ва иршоди эшон ӯро ва меваи талху турши кӯҳӣ бар вай ширин шудан ба доди он машоихОн яке дарвеш гуфт андар самар: Хизриёнро ман бидидам хоб – дар. Гуфтам эшонро, ки рӯзии ҳалол, Аз куҷо нӯшам, ки набвад он вубол? Мар маро сӯйи кӯҳистон ронданд, Меваҳо з-он беша меафшонданд, Ки Худо ширин бикард он меваро Дар даҳони ту ба ҳимматҳои мо. Ҳин, бихур поку ҳалолу беҳисеб, Бесудоъу нуқли болову нишеб. Пас маро з-он ризқ нутқе рӯ намуд, Завқи гуфти ман хирадҳо мерабуд. Гуфтам ин фитна-ст, эй рабби ҷаҳон, Бахшише деҳ аз ҳама халқон ниҳон. Шуд сухан аз ман, дили хуш ёфтам, Чун анор аз завқ мебишкофтам. Гуфтам ар чизе набошад дар биҳишт Ғайри ин шодӣ, ки дорам дар сиришт. Ҳеч неъмат орзу н-ояд дигар, З-ин напардозам ба ҷавзу найшакар. Монда буд аз касб як-ду ҳаббаам, Дӯхта дар остини ҷуббаам.
Страница 28/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|