Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ҳикояти шайх Муҳаммад Сарразии Ғазнавӣ қаддасаллоҳу сирраҳу

Зоҳиде дар Ғазнӣ, аз дониш мазӣ,
Буд Муҳаммад ному кунят Сарразӣ.
Буд ифтораш сари раз ҳар шабе,
Ҳафт сол ӯ доим андар матлабе.
Бас аҷоиб дид аз шоҳи вуҷуд,
Лек мақсудаш ҷамоли шоҳ буд.
Бар сари кӯҳ рафт он аз хеш сер,
Гуфт: «Бинмо, ё фитодам ман ба зер».
Гуфт: «Н-омад мӯҳлати он макрумат
В-ар фурӯ афтӣ, намирӣ, накшамат».
ӯ фурӯ афганд худро аз вадод,
Дар миёни умқи обе уфтод.
Чун намурд аз нукс он ҷонсер мард,
Аз фироқи марг бар худ навҳа кард.
К-ин ҳаёт ӯро чу марге менамуд,
Кор пешаш божгуна гашта буд.
Мавтро аз ғайб мекард ӯ кадӣ,
«Инна фӣ мавтӣ ҳаётӣ» мезадӣ.
Мавтро чун зиндагӣ қобил шуда,
Бо ҳалоки ҷони худ якдил шуда.
Сайфу ханҷар чун Алӣ райҳони ӯ,
Наргису насрин адувви ҷони ӯ.
Бонг омад: «Рав зи саҳро сӯйи шаҳр»,
Бонги турфа аз варои сирру ҷаҳр.
Гуфт: «Эй донои розам мӯ ба мӯ,
Чӣ кунам дар шаҳр аз хидмат? Бигӯ».
Гуфт: «Хидмат он ки баҳри зулли нафс
Хешро созӣ ту чун Аббоси Дабс.
Муддате аз ағниё зар меситон,
Пас ба дарвешони мискин мерасон.
Хидматат ин аст, то якчанд гоҳ»,
Гуфт: «Самъан тоатан, эй ҷонпаноҳ!»
Бас суолу бас ҷавобу моҷаро
Буд миёни зоҳиду раббулваъо.
Ки замину осмон пурнур шуд,
Дар мақолот он ҳама мазкур шуд.
Лек кӯтаҳ кардам он гуфторро,
То нанӯшад ҳар хасе асрорро.

Саҳифаи 113/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj