|
Ҷилди I: РАСИДАНИ ЗОЛ БА МАДАДИ МЕҲРОБ
Сӯи гурд Меҳроб бинҳод рӯй,
Ҳаме тохт бо лашкари ҷангҷӯй.
Чу Меҳробро пойбарҷой дид,
Ба сар-ш - андарун донишу рой дид,
Ба дил гуфт, к-акнун зи лашкар чӣ бок,
Чи пешам Хазарвон, чи як мушти хок.
Ба Меҳроб гуфт, «Эй ҳушивор мард,
Писандидаӣ дар ҳама коркард.
Кунун ман шавам дар шаби тирагун,
Яке даст ёзам бар эшон ба хун.
Шаванд огаҳ аз ман, ки боз омадам,
Дилогандаву кинасоз омадам.»
Камоне ба бозу дарафканд сахт,
Яке тир бар сони шохи дарахт.
Нигаҳ кард, то ҷои гурдон куҷост, 1 2 3 4 5 6 7 >>> |