|
Ҷилди I: АНДАР ЗОДАНИ ФАРИДУН
Баромад бар ин рӯзгоре дароз,
Ки шуд аждаҳофаш ба тангӣ фароз.
Хуҷаста Фаридун зи модар бизод,
Ҷаҳонро яке дигар омад ниҳод.
Биболид бар сони сарви саҳӣ,
Ҳаме тофт з-ӯ фарри шоҳаншаҳӣ.
Ҷаҳонҷӯй бо фарри Ҷамшед буд,
Ба кирдори тобанда хуршед буд.
Ҷаҳонро чу борон ба боистагӣ,
Равонро чу дониш ба шоистагӣ.
Ба сар-бар ҳаме гашт гардонсипеҳр,
Шуда ром бо Офаридун ба меҳр.
Ҳамон гов, к-аш ном Бармоя буд,
Зи говон варо бартарин поя буд.
1 2 3 4 5 6 >>> |