|
Ҷилди I: ДИДАНИ ФАРИДУН ХОҲАРОНИ
ҶАМШЕДРО
Тилисме, ки Заҳҳок созида буд,
Сараш б-осмон - бар фарозида буд,
Фаридун зи боло фуруд оварид,
Ки он ҷуз ба номи ҷаҳондор дид.
Яке гурзаи говпайкар сараш
Задӣ, ҳар кӣ омад ҳаме дар бараш.
В-аз он ҷодувон, к-андар айвон буданд,
Ҳама номвар наррадевон буданд.
Сароншон ба гурзи гарон кард паст,
Нишаст аз бари гоҳи ҷодупараст.
Ниҳода бари тахти Заҳҳок пой,
Кулоҳи каӣ ҷусту бигрифт ҷой.
Зи ҳар сӯ ба айвони ӯ бингарид,
Нишоне аз ӯ ҳеч гуна надид.
Бурун оварид аз шабистони ӯй 1 2 3 4 5 6 >>> |