|
Ҷилди I: ПОСУХ ДОДАНИ ФАРИДУН ПИСАРОНРО
Чу бишнид шоҳи ҷаҳонкадхудой
Паёми ду фарзанди нопокрой,
Якояк ба марди гаронмоя гуфт,
Ки «Хуршедро чун тавонӣ нуҳуфт?
Ниҳони дили он ду марди палид
Зи хуршед равшантар омад падид.
Шунидам ҳама, ҳарчӣ гуфтӣ сухун,
Нигаҳ кун, ки посух чӣ ёбӣ зи бун.
Бигӯй он ду бешарми нопокро,
Ду бедоди бадмеҳри бебокро,
Ки гуфтори хира нааярзад ба чиз,
Аз ин дар сухан худ наронем* низ.
Агар бар Манучеҳратон меҳр хост,
Тани Эраҷи номвартон куҷост?
Ки коми даду дом будаш нуҳуфт, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 >>> |