|
Ҷилди I: СИТОИШИ ПАЙҒАМБАР ВА ЁРОНАШ
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.
Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд,
Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд,
Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,
Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй.
Чӣ гуфт он худованди танзилу ваҳй,
Худованди амру худованди наҳй,
Ки хуршед баъд аз расулони меҳ
Натобид бар кас зи Бӯбакр беҳ.
Умар кард исломро ошкор,
Биёрост гетӣ чу боғи баҳор.
Пас аз ҳарду он буд Усмон гузин,
Худованди шарму худованди дин.
1 2 3 4 >>> |