|
Ҷилди I: ОМАДАНИ ЗОЛ БО НОМАИ СОМ
БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Кунун гӯш кун рафтану кори Зол,
Ки шуд зӣ Манучеҳри фархундафол.
Чу огоҳӣ омад сӯи шаҳрёр,
Ки омад зи раҳ Золи Соми савор,
Пазира шудандаш ҳама саркашон,
Ки буданд дар подшоҳӣ нишон.
Чу омад ба наздикии боргоҳ,
Сабук назди шоҳаш кушоданд роҳ.
Чу наздики тахт андаромад, замин
Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин.
Замоне ҳаме дошт бар хок рӯй,
Бад-ӯ дод дил шоҳи озармҷӯй.
Бифармуд, то рӯяш аз хоки хушк
Сутурданду бар вай бибурданд мушк.
Биёмад бари тахти шоҳ арҷманд, 1 2 3 4 5 >>> |