|
Ҷилди I: ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА
ЭРОНЗАМИН
Чу дашт аз гиё гашт чун парниён,
Бубастанд гурдони Турон миён.
Сипоҳе баромад зи туркону Чин,
Ҳамон гурздорони Ховарзамин,
Ки онро миёну карона набуд,
Ҳамон бахти Нӯзар ҷавона набуд.
Чу лашкар ба наздики Ҷайхун расид,
Хабар назди пури Фаридун расид.
Сипоҳу ҷаҳондор берун шуданд,
Зи хоки ҳумоюн ба ҳомун шуданд.
Ба роҳи деҳистон ниҳоданд рӯй,
Сипаҳдорашон Қорани размҷӯй,
Шаҳаншоҳ Нӯзар паси пушти ӯй,
Ҷаҳоне саросар пур аз гуфтугӯй.
1 2 3 4 >>> |